Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид

Сентябрь 22, 2023 09:06

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони байналмилалии меҳнат оид ба давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Бити Андре мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат, амалисозии барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва табодули таҷриба, инчунин масоили пешниҳоди ҳисоботи Тоҷикистон ба Конвенсияҳои Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд таъкид намуд, ки Созмони байналмилалии меҳнат фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 2002 дар асоси созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ оғоз намуд. Созмони байналмилалии меҳнат, пеш аз ҳама, фаъолияти худро дар Тоҷикистон ба пешбурди стандартҳо, принсипҳои бунёдӣ ва ҳуқуқҳо дар соҳаи меҳнат, кумак дар ҳалли проблемаҳои шуғл ва зиёд намудани даромади аҳолӣ, имконияти баробари мардон ва занон барои дарёфти ҷои кор ва ҳифзи пурсамари иҷтимоии коргарон равона намудааст.

Инчунин Созмони байналмилалии меҳнат ба беҳсозии дастрасӣ ба таҳсил ва сифати он, аз ҷониби ҷавонон аз худ намудани касбҳои фоидаовар бо имконияти минбаъд пайдо намудани ҷои кор бо мақсади пешгирии хавфи ҷалбсозии онҳо ба шаклҳои бадтарини кор диққати зиёд медиҳад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Сентябрь 22, 2023 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд