Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия ҳамкориро тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода дар доираи ҳамкории дуҷониба бо намояндаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия дар сафорати Русия дар Душанбе Игор Бурулко ва мушовири сафорати мазкур Михаил Уколов ҷиҳати таҳкими ҳамкории илмию тадқиқотӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои гуногуни илмии дипломатӣ, тадқиқоти муштарак, нашри мақолаҳои илмӣ-байналмилалӣ, табодули илмӣ-академӣ ва омӯзишӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки донишгоҳ омода аст ҷиҳати рушди муносибатҳои илмию таълимӣ ва анҷом додани пажуҳишҳои муштарак ҳамкориро бештар намояд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид






