Хонандагону омӯзгорони шаҳри Турсунзода Рӯзи донишро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд

Сентябрь 1, 2023 16:42

ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар баробари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ толибилмону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода Рӯзи донишро бо шодиву фараҳ ва орзую таманниёти нек барои ояндаи дурахшони Ватан таҷлил намуданд. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Турсунзода соли нави таҳсил бо ифтитоҳи толори варзишии муассиса баъди таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонӣ оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи толори мазкур Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, намояндагони соҳаи маорифи шаҳр ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.

Ифтитоҳи ин толори варзишӣ ғамхорӣ нисбат ба насли ояндасози миллат-наврасону ҷавонон мебошад.

Маҳз натиҷаи дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат аст, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Турсунзода мактабҳои замонавӣ сохта мешаванд, ки дар онҳо барои беҳтар намудани таълиму тарбия шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар мамлакат талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳм гузоранд.

Тазаккур дода шуд, ки маорифчиёни шаҳр бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва бо талаботи муосир ба роҳ мондани таълиму тарбия саъю кӯшиш менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар шаҳр 128 муассисаи таҳсилоти умумӣ: 70 таълимгоҳи миёнаи умумӣ, 6 типи нав, 1 литсей-интернат, 35 умумии асосӣ ва 16 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамоянд. Дар онҳо 5 ҳазору 182 омӯзгор фаъолият доранд.

Бо мақсади бартараф намудани норасоии кадрӣ дар соҳаи маорифи шаҳр моҳи август аз ҳисоби кадрҳои ҷавоне, ки имсол донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатро хатм намуданд, 23 нафар ба ҳайси омӯзгор ба кор пазируфта шуда, 38 омӯзгори собиқадор ба кор ҷалб гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 1, 2023 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд