ХУШХАБАР! «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

Сентябрь 20, 2023 15:48

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки имрӯзҳо дар Арабистони Саудӣ идома дорад, «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки 10 сентябр оғоз гардида, то 25 сентябр дар Арабистони Саудӣ идома меёбад, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок дорад.

Дар маросими ботантанаи ворид гардидани номинатсия Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Италия, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО Ҷамолиддин Убайдулло сухан намуданд. Онҳо ба ҳамаи шарикон ва давлати мизбон изҳори сипос намуда, аҳамияти ин тасмим ва зарурати ҳифзи набототу ҳайвоноти мамнуъгоҳро махсус таъкид намуданд. Омода намудани номинатсияи «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ҷиҳати пешниҳоди он ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳанӯз солҳои 2020 ва 2021 оғоз гардида, бо мақсади омода намудани ин номинатсия барои пешниҳод ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории махсус дар ҳайати кормандону мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист, олимон ва коршиносони миллӣ таъсис шуд буд.


Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» аввалин мамнуъгоҳи табиии давлатии Тоҷикистон буда, бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои нодири биёбону туғайзор ва ҳайвоноти хоси он таъсис дода шудааст. Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон, дар минтақаи биёбон, дар байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон дар сарҳади Афғонистон, дар саргаҳи бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ — Амударё воқеъ мебошад. Майдони умумии заминҳои Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49,7 ҳазор гектарро ташкил дода, ҳудуди онро майдони васеи экосистемаҳои биёбону туғайзор дар соҳили чап ва рости дарёи Вахш фаро мегирад. Ҳудуди Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» асосан дар марзи маъмурии ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз гӯшаи табиати зебои Тоҷикистон ва макони дорои асрори хосси табиии бисёрасраи эволютсионӣ буда, робитаи тарафайни олами наботот ва ҳайвоноти биёбони туғайзорро дар экосистемаи табиӣ дар худ таҷассум менамояд. Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва ҷангали туғайи он то ҳол ҳолати табиии худро дигар накардааст ва дар ҳудуди он намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2023 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони Амиршо Миралиев изҳори ҳамдардӣ намуданд
Тоҷикистон Нақшаи маблағгузории Cаҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи иқлимиро дар Павилиони миллӣ дар Дубай муаррифӣ намуд
Русия омода аст аз Тоҷикистон гӯшти мурғ, тухм, хушкмева ва маҳсулоти заргарӣ харидорӣ намояд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро дар Дубай баррасӣ намуданд
МУБОРАК БОШАД! «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид
Дар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар Русия имконияти вилояти Суғд муаррифӣ гардид
НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Танзания рушди ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Шарики глобалӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии вилояти Денизли мулоқот намуд
Дар Душанбе табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо