НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Деҳқонони ноҳияи Ховалинг дастранҷи худро пешкаши сокинони Душанбе гардониданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Ховалинг баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯш кишоварзони ноҳия 4 тонна картошка, 2 тонна сабзавот, 1 тоннаю 200 кг полезӣ, зиёда аз 4 тонна меваҷот, инчунин 350 кило гӯшт бо нархи нисбат ба бозор арзонро пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.
Сармутахассиси шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Хайриддин Одинаев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар 6087 гектар ғалладонагӣ, аз ҷумла 5771 гектар гандум кишт шудааст. Зироати техникӣ: зағир, маҳсар дар 492 гектар, картошка дар 535 гектар, сабазавот дар 342 гектар, полезиҳо дар 36 гектар кишт гардидааст.
Хайриддин Одинаев гуфт, ки дар ҳашт моҳи соли равон 12 ҳазору 50 тонна тонна ғалладонагиҳо, аз ҷумла 11 ҳазору 450 тонна гандум, 5 ҳазору 490 тонна картошка, 6 ҳазору 320 тонна сабзавот, 500 тонна полезиҳо, 2750 тонна мевагиҳо истеҳсол гардид. Дар ноҳия дар ин давра 21 ҳазору 190 тонна хӯроки чорво тайёр шудааст.
Боғҳои ҳосилдиҳандаи ноҳия 2084 гектарро ташкил дода, соли равон дар майдони 42 гектар боғҳои нав бунёд гардидаанд.
«Дар ноҳия 25 ҳазору 860 сар чорвои калон, 36 ҳазору 763 сар моли майда, 2266 сар асп, 38 ҳазору 274 сар паранда, 4362 оила занбури асал мавҷуд мебошад. То имрӯз 330 тонна гӯшт, 2040 тонна шир, 738 ҳазору 300 дона тухм, 27 тонна асал, 1 тоннаю 800 кило моҳӣ истеҳсол шудааст»,- афзуд Хайриддин Одинаев.
Кишоварзони ноҳияи Ховалинг дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашки кори худ намуда, ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода мебаранд ва аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»




























Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад
Осонкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
«СУҒД-2026». Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо баргузор мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон барориши вомбаргҳои «сабз»-ро амалӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми дуҷонибаи соҳибкорӣ баргузор гардид
Дар доираи RES-2026 дар Остона таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
Байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Беларус Харитаи роҳ оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид
Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти ташхисии соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад
Дар Бадахшон беш аз 1 тонна молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлатгузашта нобуд карда шуд
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Вашингтон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ иштирок намуд






