«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Чемпионати кушод оид ба таэквондо WT байни писарон ва духтарон ҷамъбаст гардид

Сентябрь 25, 2023 11:31

ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба таэквондо WT байни писарон ва духтарон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа- рушди соҳаи варзиш дар пойтахт, ҷалби наврасону ҷавонон ба намуди варзиши таэквондо, алалхусус духтарон, инчунин самараноку мақсаднок истифода намудани иншооти варзишии пойтахт мебошад.

Мусобиқаи варзишӣ дар толори варзишии КВД «Қасри теннис»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва дигар масъулини соҳаи варзиш доир гардид.

Мусобиқа 23-24 сентябр доир шуда, дар он варзишгарон барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” байни ҳам сабқат намуданд.

Дар охири мусобиқа ғолибон муайян гардиданд. Ҳамин тавр, варзишгарони дастаи Душанбе 1 бо “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ва дастаи Душанбе 2 бо медалҳои нуқра сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

Сентябрь 25, 2023 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад