ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат бо ангишти хушсифат таъмин мегарданд
ВАҲДАТ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат нақшаи тадбирҳои омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таъсис дода шуд.
Тавре масъулини шаҳри Ваҳдат ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар доданд, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» дар соҳаи маориф зиёда аз 450 тонна ангишт, 720 куб ҳезум, 1123 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Талаботи муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ барои тирамоҳу зимистони соли 2023-2024 дар шаҳри Ваҳдат 1180 тонна ангишт, 800 куб ҳезум ва 1250 литр сӯзишвории дизелӣ мебошад.
Мувофиқи маълумоти роҳбарияти кони ангишти Сайёди шаҳр, то 25 сентябр соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр тибқи шартномаҳои бастаи муассисаҳои таълимӣ пурра бо ангишти хушсифат таъмин мегарданд.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода аз ҳисоби буҷети шаҳри Ваҳдат барои харидани ангишт ва ҳезуму сӯзишворӣ 634 ҳазору 100 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То 16 августи соли равон аз ин ҳисоб 323 ҳазору 50 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Захираи ангишту ҳезум дар сохторҳои давлатӣ ва аҳолии шаҳри Ваҳдат муташаккилона идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






