Пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим гирифтаанд, ки 14 ҳазору 600 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд

Сентябрь 24, 2023 10:24

ДУШАНБЕ, 24.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим гирифтаанд, ки​ 14 ҳазору 600 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ заркорон ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилоят зимни боздид аз​ хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ғунучини пахта саҳм гузошта, ба кишоварзону чинакчиён барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани пахта тавсияҳо дод. Тазаккур дода шуд, ки барои қадршиносии меҳнати пахтакорон мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шудааст ва ҳар ноҳияе, ки​ дар бистрӯзаи аввали пахтачинӣ пешсафӣ нишон диҳад, бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.

Раиси вилоят ба як зумра чинакчиён туҳфаҳо тақдим намуда, меҳнати пурсамарашонро зимни ғунучини ҳосил тавсиф намуд.​ Зеро дар ноҳия чинакчиёне ҳастанд, ки дар як рӯз​ то 240 кг пахта мечинанд ва  музди хуби корӣ ба даст меоранд.​ ​ ​ ​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 24, 2023 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид