Президенти Тоҷикистон даъват намуданд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад
ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор иброз доштанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзуи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб мешавад.
Дар идома Сарвари давлат таъкид намуданд, ки воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.
«Ҳамчунин давлатҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то барои мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
Гуфта шуд, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имконоти маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад.
«Мо чунин мешуморем, ки дар баробари равона намудани маблағҳои дохилӣ фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад», — изҳор доштанд Президенти мамлакат.
Таъкид гардид, ки тадбирҳои андешида набояд боиси зиёд шудани қарзи кишварҳо гарданд, зеро ин яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






