Президенти Тоҷикистон даъват намуданд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад

Сентябрь 20, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар қароргоҳи  СММ дар шаҳри Ню Йорк Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор иброз доштанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзуи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб мешавад.

Дар идома Сарвари давлат таъкид намуданд, ки воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

«Ҳамчунин давлатҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то барои мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Гуфта шуд, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имконоти маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад.

«Мо чунин мешуморем, ки дар баробари равона намудани маблағҳои дохилӣ фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад», — изҳор доштанд Президенти мамлакат.

Таъкид гардид, ки тадбирҳои андешида набояд боиси зиёд шудани қарзи кишварҳо гарданд, зеро ин яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»