Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Сентябрь 21, 2023 15:45

ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нақши ташкилоти минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхайро ҷиҳати пурзӯр намудани кӯшишҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир муҳим арзёбӣ намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин ба аҳаммияти муколамаи доимии СҲШ ва СММ оид ба масъалаҳои муқовимат ба хатари маводи мухаддир, бахусус таҳдидҳои марбутаи аз қаламрави Афғонистон зуҳуркунанда таъкид намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2023 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд