Сурат-гузориш аз ҷараёни баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа дар Душанбе

Сентябрь 3, 2023 14:08

ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар остонаи таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Дар намоиш-фурӯш сокинону меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти гуногуни кишоварзии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа шинос шуда, бо нархҳои дастрас аз он харидорӣ намуданд. Ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ гӯшаи дигари намоиш-фурӯшро ташкил дод, ки ба ҳамоиш ранги дигар бахшид.

Аз ҷараёни баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа хабарнигори АМИТ «Ховар» сурат-гузориш омода намудааст, ки манзур карда мешавад.

Тоҳир САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2023 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд