ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, чоршанбе, 256-умин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 1745 аввалин атласи ҷуғрофии Русия нашр шудааст.
***
13 сентябри соли 1788 шаҳри Ню-Йорк пойтахти ИМА эълон шуд.
***
Соли 1922 баландтарин ҳарорати ҳаво дар Африқо ба қайд гирифта шудааст, ки +57,8°С-ро ташкил дод.
***
13 сентябри соли 2011 дар шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон)-и вилояти Суғд Форуми байналмилалии иқтисодии «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – иқтидори рушд» баргузор гардид.
***
13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай суханронӣ намуданд.
***
9 сол пеш, 13 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд.
***
3 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарикии стратегӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид.
***
Соли 2017 Тоҷикистон дубора иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи хӯроквории WorldFood Moscow шуд, ки 11 сентябри ҳамон сол дар шаҳри Москва баргузор гардида буд.
13 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи мелиораторон.
***
Дар Русия – Рӯзи барномасозон.