ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, сешанбе, 262-юмин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 19, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1973 дар Федератсияи Русия низоми ягонаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф таъсис дода шуд.

***

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар Белгия озмуни зебоӣ баргузор шуд.

***

19 сентябри соли 1990 дар шабакаи ҷаҳонии интернет аввалин домени ватании SU –домени дохилии сатҳи баланд барои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба қайд гирифта шуд.

***

10 сол пеш, 19 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»-ро ба имзо расониданд.

***

19 сентябри соли 2016 барномаи ҳаррӯзаи иттилоотии «Навид»-и Шабакаи телевизиони Тоҷикистон — «Сафина» ҷоизаи Фестивали бйналмилалии телевизионии «ТЭФИ Содружество — 2016»-ро, ки дар шаҳри Ереван баргузор гардид, соҳиб шуд.

***

19 сентябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш доир ба тақвияти ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

19 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Молдова – Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ.

***

Дар Русия – Рӯзи силоҳсозон.

***

Дар Чили – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фарҳод Раҳимӣ, соли 1968- доктори илмҳои физикаву математика, профессор, узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014). Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Сентябрь 19, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст