Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ханжоу 100 варзишгар муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ дар Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, беш аз 100 варзишгарро ҷалб намуд. Варзишгарони тоҷик аз 40 намуди дар барномаи Бозиҳои Осиёӣ пешбинишуда дар 18 намуди он иштирок менамоянд. Дар ин хусус ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Аксари федератсияҳои Тоҷикистон аллакай ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро оид ба намудҳои худ, аз ҷумла ҷудо, бокс, ҷиу-ҷитсу ва ғайра эълон намудаанд. Ба ин тартиб, ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 13 варзишгар шомил шуд. Ин бори аввал аст, ки даста бо маҷмуи пурра – дар ҳамаи 13 вазн ба Бозиҳои Осиёӣ меравад.
Варзишгарони тоҷик аз рӯи намудҳои шиноварӣ, варзиши сабук, камонварӣ, қаиқронӣ ва каноэ, ҷиу-ҷитсу, таэквондо WT, каратэ-до, ушу, кураш, тирандозӣ, волейболи соҳилӣ, теннис ва тенниси рӯи миз низ дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ханжоу баромад менамоянд. Бори нахуст дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар киберспорт ва брейк данс дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки Бозиҳои Осиёии соли 2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 23 сентябр то 8 октябри соли равон баргузор мешаванд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.
Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян — Нинбо, Вэнчжоу, Тсзинхуа, Шаосине ва Хучжоу доир мегарданд.
Бозиҳои Осиёӣ шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4 –тои он медали тилло, 6 нуқра ва 17 биринҷӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






