««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Ҳисор даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНЕ, 25.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз шаҳри Ҳисор дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» 27 нафар довталаб иштирок намуда, 2 нафар бо гирифтани ҷойи дуюм ва 3 нафар ҷойи сеюм ба даври ниҳоӣ-ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» 13 шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, натиҷаҳои он аз ҷониби раиси ҳакамон- муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муродалӣ Иброҳимов эълон гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Ҳадафи озмун дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад






