35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонии Деваштич корҳои ободониву созандагӣ идома доранд

Октябрь 14, 2023 15:43

ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи​ Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд аз ҷониби соҳибкорон марказҳои савдову хизматрасонӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, мағозаҳои хурду калон сохта мешаванд. Иншооти бунёдгардида дорои тарҳу намои зебо буда, ҳар кадоме аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Соҳибкорони деҳаи Хуҷаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи​ Исмоили Сомонӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор намуда, кӯшиш доранд, ки дар ободии маҳал​ саҳм гузоранд. Дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 4​ иншоот дар ҳар кадоме аз 15 то​ 20​ нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад. ​

Раиси вилояти Суғд  бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ  шинос гардид. Дар маҷмуъ дар ин ҷамоати деҳот то ҷашни бузурги миллиамон бунёди 48​ иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.​

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинони ҷамоат иброз намуд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори вилоят корҳои ободонӣ вусъат ёфта, саҳми сокинону соҳибкорон низ дар ободонии маҳал назаррас аст. Таъкид шуд, ки бунёдкориҳо минбаъд низ бояд идома ёбанд, то​ шароити зиндагии мардум аз ин ҳам беҳтар гардад.​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 14, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад