50 нафар хизматчиёни давлатӣ бо фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» шинос шуданд

Октябрь 9, 2023 16:17

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 50 нафар хизматчиёни давлатӣ — мутахассисони пешбар ва мутахассисони Раёсати Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи машғулияти такмили ихтисос бо фаъолияти Маркази ташхисии маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Агентии «Тоҷикстандарт» шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Хизматчиёни давлатӣ бо тарзу усулҳои озмоишҳои органолептикӣ, физико-химиявӣ, аналитикӣ ва микробиологӣ, ки дар ин марказ гузаронида мешаванд, шинос шуда, аз мутахассисон вобаста ба нозукиҳои раванди санҷиш ва озмоиши маводи ғизоӣ тавсияҳои зарурӣ гирифтанд. Маркази ташхисӣ аз  бахши аналитикӣ, бахши физикию кимиёӣ, бахши спектрометрӣ (атоми абсорбсионӣ), бахши элементҳо ва моддаҳои заҳрнок (волтамперметрӣ), бахши ғалладонагӣ ва бахши микробиологӣ иборат буда, иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими фаъолияти корӣ ва озмоишӣ ба мутахассисон саволҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Пас аз боздид аз Маркази ташхисӣ вохӯрии роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» бо шунавандагони машғулияти такмили ихтисос баргузор гардида, оид ба муаммову мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли он мулоҳизаронӣ гардид.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2023 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд