Агентии омор: «Дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои бастани ақди никоҳ зиёд ва бекоркунии он кам шудааст»
ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори Тоҷикистон аз зиёд шудани ҳолатҳои ақди никоҳ ва коҳиш ёфтани бекоркунии он дар пойтахт иттилоъ медиҳад.
Тибқи хабари Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе давоми шашмоҳаи аввали соли равон 940 ҳолати бекор намудани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 349 ҳолат ё 27,1 фоиз кам мебошад.
Масъулин мегӯянд, ки яке аз сабабҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳо- ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, бастани ақди никоҳ дар шаҳри Душанбе нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 341 ҳолат зиёд шудааст. Яъне шумораи никоҳҳои бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба 3428 ҷуфт расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,0 фоиз зиёд мебошад.
Камшавии шумораи никоҳ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2,2 фоиз (14 ҷуфт) ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар ноҳияҳои Фирдавсӣ 6,8 фоиз (50 ҷуфт), Шоҳмансур 40,8 фоиз (200 ҷуфт) ва Сино 8,6 фоиз ё 105 ҷуфт зиёд гардидааст.
Коэффитсиенти умумии никоҳ дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 5,6 ададро ташкил додааст. Камшавии шумораи талоқҳои бақайдгирифта дар ноҳияҳои Фирдавсӣ- 34,7 фоиз (122 ҳолат), Шоҳмансур- 30,0 фоиз (72 ҳолат), Исмоили Сомонӣ- 16,8 фоиз (30 ҳолат) ва Сино- 24,1 фоиз ё 125 ҳолатро ташкил додааст.
Коэффитсиенти бекоркунии ақди никоҳ дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 1,5 ҳолат рост омадааст. Дар моҳҳои январ-июни соли равон ба 1000 никоҳи басташуда 274 ҷудошавӣ рост омадааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2022 418 ҳолатро ташкил медод.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






