Арабистони Саудӣ барои гузаронидани Ҷоми ҷаҳон — 2034 дархост пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ба Федератсияи Байналмилалии Футбол ҷиҳати соли 2034 гузаронидани чемпионати ҷаҳон дархост пешниҳод намудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хадамоти матбуоти федератсия хабар додааст.
4 октябр Федератсияи Байналмилалии Футбол эълон намуд, ки тибқи усули ҷойивазкунии қитъаҳо танҳо давлатҳои Осиё ва Уқёнусия метавонанд барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 дархост пешниҳод намоянд.
Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мегардад. Мизбонони асосии мусобиқаи ҷаҳонии соли 2030 Испания, Португалия ва Марокаш хоҳанд буд, нахустин бозии мусобиқа дар Уругвай ва ду бозии минбаъда дар Аргентина ва Парагвай баргузор мегарданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






