Ба нашри нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуд наботот ва 253 намуд ҳайвоноти нодир ворид мегарданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба нашри нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 253 намуди ҳайвоноти нодире, ки зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд, ворид мешаванд. Баъзе намудҳои набототу ҳайвонот вобаста ба вазъи кунуниашон аз Китоби сурхи Тоҷикистон хориҷ мегарданд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳия ва нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ итттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш беш аз 40 нафар олимон, мутахассисон ва коршиносон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва аз Русияю Қазоқистон иштирок намуданд.
Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов доир ба Китоби сурх ва моҳияти он барои ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти набототу ҳайвонот ва дар маҷмуъ захираҳои табиии мамлакат сухан гуфт.
Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулқодир Мавлодод изҳор дошт, ки “Китоби сурх ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба таъмини ҳифзу нигоҳдорӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҳифзу афзоиш ва истифодаи оқилонаи набототу ҳайвонот ва гуногунии биологӣ нигаронида шудааст. Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон ҷамъбасти тамоми маълумоти мавҷуда доир ба ҳаёт, паҳншавӣ, вазъи гурӯҳ, тағйири миқдори ҳайвонот ва набототи нодиру камшумор, муайян намудани вазифаҳои амиқи минбаъдаи тадқиқу дарёфти роҳҳои асосии муҳофизат ва таҷдиди онҳо ҷамъ оварда мешавад”.
Дар ҳамоиш гурӯҳҳои корӣ доир ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва экспедитсионии дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида, ки ба омӯзиш ва муайянкунии ҳолати кунунии набототу ҳайвонот нигаронида шудаанд, маълумот пешкаш намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид






