Барандаи ҷоизаи Нобел-2023 оид ба иқтисод муайян гардид

Октябрь 10, 2023 16:30

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2023 дар соҳаи иқтисод «Барои беҳтар гардонидани фаҳмиши мо доир ба натиҷаҳои бозори меҳнати занон» Клаудия Голдини амрикоӣ гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии иттилоотии БелТА хабар додааст.

Барандаи имсола бойгониро пурра омӯхта, давоми зиёда аз 200 сол маълумот ҷамъ овардааст, ки ин ба ӯ имкон дод сабабҳои тағйирёбии фарқияти гендерӣ дар даромад ва сатҳи шуғлро ошкор намояд. Ғайр аз он, ӯ омилҳои асосии ба ҳифзи монеаҳои гендерӣ таъсиррасонро низ ошкор намуд.

Ҳафтаи Нобел 2 октябр бо эълони номҳои барандагон дар соҳаи физиология ва тиб оғоз гардид. 3 октябр барандагони ҷоиза аз  физика, 4 октябр – химия ва 5 октябр – оид ба адабиёт муайян  шуданд.

Тақдими ҷоиза одатан дар рӯзи вафоти Нобел — 10 декабр баргузор мешавад. Андозаи ҷузъи пулӣ дар ҳар номинатсия 11 миллион крон (тақрибан 1 миллион доллар) — ро ташкил медиҳад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 10, 2023 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд