«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН БАРОИ СОЛҲОИ 2024-2028». Татбиқи он ин гӯшаи зебои Тоҷикистонро ба макони писандидаи ҷаҳонгардон табдил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Роғунро наздик ба 4 ҳазору 200 сайёҳ, аз ҷумла 704 сайёҳи хориҷӣ тамошо намудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабар медиҳад.
Мавриди ёдоварист, ки моҳи апрели соли равон «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» қабул гардид. Барномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, дар се марҳила — солҳои 2024-2026, 2027 ва 2028 аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун амалӣ мегардад.
Барнома бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун» таҳия гардида, ба рушди соҳаи сайёҳӣ- фароҳам овардани имконияти сайёҳӣ, муайян намудани мавзеъҳои ҷолибу диданӣ, азхудкунии хусусияти таърихию табиӣ-этнографӣ, сайёҳию экологии ҳудуди шаҳр мусоидат менамояд.
Дар ҳақиқат, табиати зебою нотакрор, обҳои мусаффо, кӯлҳо ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғҳо, наботот, ҳайвоноти нодир ва обанбори «НБО-и Роғун» ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Роғун дорои кӯҳҳои баланд, 150 чашмаи мусаффо, 11 дарё ва 4 кӯл буда, онҳо ба феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ворид гардидаанд.
Имрӯзҳо барои сайёҳон дар шаҳр шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бештар аз 30 мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, 4 меҳмонхона, 7 осоишгоҳ, 5 тарабхона, 7 истироҳатгоҳ ва 2 боғи фарҳангию фароғатии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамоянд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳои шаҳр таваҷҷуҳи хосса дода шудааст. Аз ҷумла, роҳи хатсайри табобатии Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, бунёду мумфарш намудан ва сангфарш намудани роҳҳои деҳаҳои Сайидон ва деҳаи Ёли Гармоба ба анҷом расонида шуданд. Корҳои тахту ҳамвор ва сангфарш намудани роҳҳои деҳаҳои Қалъаи Нав, Чашмаи Кулло, Ҷавонӣ, Гули Сурх, Сангова, Чормағз, Пору, Навобод, Фаррухон, Дараи Тутак, Ғурунг (Қандак), Дӯст Солеҳ, Деҳқонобод, Ковокдара, Деҳи Бустон, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бег, Себнок ва оғози корҳои сохтмонии лоиҳаи бунёди роҳи «Роғун-Оби Гарм-Нуробод», ҳамзамон бунёду навсозии 11 км роҳи шаҳри Роғун аз сероҳаи назди маҷмааи «Нақби Роғун» то даромадгоҳи шаҳр ба рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Яке аз маконҳои сайёҳии Роғун Ёнахш мебошад, ки аз маркази шаҳр дар масофаи 30 километр воқеъ аст. Зимни гардишгарӣ сайёҳон метавонанд аз манзараҳои зебои деҳаҳои Фаррухон ва Ғашён низ дидан намоянд. Мавзеъҳои Гули Сур, Луғур ва Марғзор барои сайёҳии пиёдагардӣ басо ҷолиб мебошанд. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи шаҳр гулгашти фароғатии «Нақб» бо тарҳи хеле ҷолиб мавқеъ гирифтааст ва он сарсабзу хуррам буда, тамошои он ба кас ҳаловат мебахшад.
Итминон дорем, ки бо амалӣ гардидани «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» Роғун ба як гўшаи зеботарини Тоҷикистони офтобрўя табдил хоҳад ёфт.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъхои боз








«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






