«БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар ноҳияи Сино даври якуми озмуни шаҳрӣ баргузор гардид

Октябрь 30, 2023 18:47

ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 сентябри соли равон дар толори муассисаи таълимии №94 ноҳияи Сино даври якуми озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Мақсади баргузории озмун — арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи иштирокчиён ба озмун зиёд гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва оммаи мардум иштирок намуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста ба китобҳои Президенти мамлакат рӯ меоранд,  зеро асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдатофаринӣ ҳидоят менамоянд.

Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи худогоҳиву худшиносӣ, миллатдӯстиву ватанпарастӣ ҳарф зада, пайваста мардумро ба омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллат даъват менамоянд.

Бо мақсади тақвият додани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин самт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои амалӣ анҷом меёбанд. Аз ҷумла, озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ва «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» амалӣ мешаванд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Октябрь 30, 2023 18:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд