Бинои «Мамнуъгоҳи табиии давлатии Даштиҷум» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 – 27 октябр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати 40-солагии таъсиси Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар ҷараёни он бинои маъмурии МД «Мамнуъгоҳи табиии давлатии Даштиҷум ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.
Дар ҷамъомад иброз шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди системаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, бахусус мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ марҳила ба марҳила таъмин гардид.
Дар робита ба ин бинои маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи табиии давлатии Даштиҷум» аз ҳисоби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ба Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» 1 воситаи нақлиётии хизматии тамғаи ВАЗ НИВА тақдим гардид.
Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» дар масоҳати 19 700 гектар, дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар доманакӯҳи «Ҳазрати Шоҳ», дар баландиҳои аз 700 то 3000 метр аз саҳти баҳр таъсис дода шуда, мақсади он ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои хоси ин минтақа, ҳифз ва афзунгардонии саршумори намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот мебошад. Дар экосистемаҳои мамнуъгоҳ набототу ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат дохилшуда ҳифз мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






