ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО. Дар он гӯштингирони наврас ва ҷавони тоҷик иштирок менамоянд

Октябрь 31, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16-19 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини  ҷудо байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа байни наврасон иштироки 130 варзишгар аз 11 давлати Осиё дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 писар ва 1 духтар намояндагӣ менамоянд.

Ҳайати дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои Чемпионати Осиё-2023:

Писарон:

  1. Лоиқ Қутбуддинов (-55 кг).
  2. Икром Шамсов (-55кг).
  3. Ёсин Бобокалонов (-60кг).
  4. Ворис Назаров (-66кг)
  5. Аминҷон Абдуҷалилзода (-73кг).
  6. Муҳиддин Асадуллоев (-73кг).
  7. Яҳё Алиев (-90кг).
  8. Аҳмад Табаров (+90кг).
  9. Шоҳмирхурдӣ Бурҳонзода (+90кг).

Духтарон:

  1. Мадина Қурбонзода (-48кг).

 Федератсияи гӯштини ҷудои Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё байни ҷавонон 8 писар ва 3 духтарро ҷалб менамояд:

  Писарон:

  1. Умар Шеров (-60кг).
  2. Набии Нуралӣ (-66кг).
  3. Сунатулло Исоев (-73 кг).
  4. Абубакр Шеров (-73кг).
  5. Сунатулло Лоиқов (-81кг)
  6. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг).
  7. Умедҷон Раҷабов (-90кг).
  8. Музамир Каримзода (-90кг)

  Духтарон:

  1. Мадина Қурбонзода (-48кг).
  2. Аҳлия Муминова (-52кг).
  3. Ҷонона Назарова (-63кг).

Дар айни замон  варзишгарони  наврасу ҷавони тоҷик дар  Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф»  ба машқҳои дастҷамъӣ фаро гирифта шудаанд. Онҳоро мураббиён Муҳаммадмурод Абдураҳмонов,  Абдулло Наботов ва Муртазо Носиров тамрин медиҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 31, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад