Дар Агентии хизмати давлатӣ масъалаи номгӯи бемориҳое, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мешаванд, баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябри соли равон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба омӯзиши фармоиши якҷояи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номгӯйи бемориҳоеро, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ монеа мегарданд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини иҷрои талаботи мазкур фармоиши якҷояи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир гардида, мавриди амал қарор дода шудааст. Аз қабули санади мазкур муҳлати зиёда аз 10 сол гузашта, бинобар ҳолатҳои дар таҷриба ба қайд гирифташуда, зарурати такмили он тақозо карда мешавад.
Таъкид гардид, ки бинобар рушди устувори техника ва навгониҳо дар соҳаи тиб, бознигарӣ намудан ба фармоиши амалкунандаи соҳаи хизмати давлатӣ муҳим буда, дар ин замина мушкилоти мавҷуда рафъ гардида, муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба ин масъала роҳи ҳалли худро меёбанд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






