Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба муносибати Рӯзи соҳибкорон ва Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо ҳамоиш баргузор шуд

Октябрь 14, 2023 13:38

ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба муносибати Рӯзи соҳибкорон ва Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил карда мешаванд, бо ҷалби соҳибкорон ва масъулони соҳа ҳамоишдоир гардид, хабар медиҳад АМИТ  «Ховар»  бо истинод ба ин Агентӣ.

Ҷамъомадро директори Агентӣ  Темурҷон Абдулваҳобзода оғоз намуда, саҳми соҳибкоронро дар пешрафти ҷомеа ва рушди иқтисоди мамлакат назаррас арзёбӣ намуда, аз ҷумла  гуфт, ки бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон  имрӯзҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дигаргунию пешрафтҳои арзанда ба назар мерасанд.

— Имрӯз барои муҳайё кардани фазои муносиби фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо Агентии “Тоҷикстандарт”  аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода карда истодааст, то ки монеаҳо аз роҳи фаъолияти онҳо бартараф карда шаванд ва маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шаваду рақобатпазиру воридотивазкунанда бошад. Хурсандиовар аст, ки имрӯз корхонаю ширкатҳои истеҳсолие вуҷуд доранд, ки дар пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми худро гузошта, номи корхонаи худро дар байни истеъмолкунандагон баланд бардошта, молу маҳсулоти худро бо сифати хуб ва бо нархи дастрас ба бозори истеъмолии мамлакат ва берун аз он пешниҳод менамоянд ва баҳри  беҳбудии ҳаёти аҳолии мамлакат  саҳми намоён мегузоранд”,-афзуд Темурҷон Абдулваҳобзода.

Ба намояндагони корхонаю ширкатҳо ва соҳибкороне, ки дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмӯъ дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифату ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳо саҳмгузор мебошанд, бо тантана “Сипоснома”-ҳо супорида шуд.

Дар идомаи ҳамоиш бо назардошти он, ки татбиқи стандартҳо омили асосии рушди ҷомеа мебошанд, ба ҳозирин аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ — муовини сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва  стандартонӣ Тоҳир Нуруллозода ва сардори шуъбаи  назорати давлатии воситаҳои ченак Рамазон Самадов ба таври мухтассар оид ба аҳамияти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ маълумот манзур карда шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш  соҳибкорон ҷиҳати ҳамкории босамар бо мақомот изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ бо молу маҳсулот ва хизматрасониҳои мутобиқ ба талаботи меъёрҳо изҳори назар намуданд.

АКС: Агентии Тоҷикстандарт

Октябрь 14, 2023 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд