Дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ бинои хуштарҳи идораи ҷамоат ва Қасри фарҳанг таҷдид гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 20 октябри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ифтитоҳ гардид. Дар шафати боғ бинои хуштарҳи идораи ҷамоат ва Қасри фарҳанг қомат афрохтааст, ки бо дастгирии Сарвари давлат пурра таҷдид гардид.
Бояд гуфт, ки баъди ба истифода додани ин маркази фарҳангӣ 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Боғи мазкур дар масоҳати 1,20 гектар бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Дар он майдончаи муосири варзишӣ, 2 аттраксион, ҷойи бозӣ барои кӯдакон дар масоҳати 4000 метри мураббаъ бо тамоми шароити зарурӣ бунёд гардида, иншоот ба макони асосии истироҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.
Шомгоҳон намуди боғи фарҳангию фароғатӣ хеле зебою дилрабо гардида, дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам менамоянд. 5 фаввораи зебову замонавӣ, ки бо шаклу услуби хосса бунёд гардида, бо чароғҳои ранга оро дода шудааст, диққати сокинону меҳмононро ба худ ҷалб менамоянд.
Дар мавзеъҳои гуногуни боғи фарҳангӣ 400 дарахти сояафкану ҳамешасабз ва зиёда аз 110 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, масоҳати 14980 метри мураббаъ майсазор шудааст. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидаанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид






