Дар деҳаи Ҳуснободи шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи минтақавии №3-и деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд

Октябрь 26, 2023 14:34

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин якчанд  иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар маросими ифтитоҳи иншоот намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат.

Аз ҷумла, дар деҳаи Ҳуснободи шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи минтақавии №3-и деҳоти Гулистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи беморхона намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Масъулин иброз доштанд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дурдасттарин деҳоти ҷумҳурӣ беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Ин тадбирҳо аз он дарак медиҳанд, ки Ҳукумати  мамлакат   солимии аҳолиро дар мадди аввал гузошта, пайваста дар ин самт тадбир меандешад.

Бинои нави Беморхонаи минтақавии №3-и деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории шарикони рушд дар муддати 1 сол бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи октябри соли 2022 шуруъ шуда, бо сифати баланд анҷом ёфтаанд. Бинои кӯҳнаи ин беморхона, ки якошёна буд, солҳои зиёд дар истифода қарор дошт ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Шароити бади корӣ имкон намедод, ки табибон ба беморон дар сатҳи зарурӣ хизмат расонанд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави беморхона мушкилии табибону беморони деҳоти Гулистон ҳалли худро пайдо намуд.

Беморхонаи минтақавии №3 деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат дорои 10 утоқи корӣ, 6 ҳуҷраи хоб бо 25 кат, 2 толори таваллуд, ҳуҷраҳои рентгени рақамӣ, дандонпизишк, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, хатна ва ғайра мебошад. Беморхона асосан ба аҳолии 12 деҳа хизмати хубу босифати тиббӣ пешниҳод менамояд. Дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ аз хориҷи мамлакат ба беморхона ворид шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав дар Беморхонаи минтақавии №3 деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ҷойҳои нави корӣ фароҳам шуда, дар оянда шумораи кормандони он ба беш аз 60 нафар расида, бо афзоиши теъдоди табибон вазъи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат боз ҳам беҳтар мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Октябрь 26, 2023 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад