Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳафтаи забони русӣ гузаронида шуд

Октябрь 23, 2023 11:15

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 21 октябр як гурӯҳ устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой (ДДОО) бо роҳбарии муовини ректор оид ба рушди робитаҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Евгений Кайгородов даврҳои такмили ихтисос барои устодон ва озмунҳои фаннӣ барои донишҷӯён гузарониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ хабар медиҳад.

Ҳамчунин барои ҳамкории минбаъда байни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой шартномаи ҳамкорӣ дар самти омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба имзо расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронӣ перомуни омӯзиши забони хориҷӣ- махсусан забони русӣ ва англисӣ таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд ин ду забонро омӯзад ва аз худ намояд.

Дар ҳошияи ин таъкиди Пешвои миллат дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, тибқи он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ҳамкории шарикии стртегӣ дорад ва солҳои охир ин ҳамкорӣ ба сатҳу сифати нав мебарояд.

Соли 2023 дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон шудааст. Бахшида ба ин сана дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ «Ҳафтаи забони русӣ» баргузор гардид.

Забони русӣ яке аз 8 забони байналмилалӣ аст, ки сол аз сол нуфуз ва мақомаш дар ҷаҳон бештар гардида, ҳоло бо ин забон 260 миллион муошират менамоянд. Илова бар ин Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон буда, солҳои охир робитаҳо дар соҳаи маориф густариш меёбанд. Ҳамасола садҳо нафар хатмкунандагони муасисаҳои таълимии Тоҷикистон таҳсилашонро дар муассисаҳои олии Русия  идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 дар давлатҳои Иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон гардидааст.

Дар ҷаҳон 250 миллион нафар бо забони русӣ ҳарф мезананд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2022 дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби миёна бо забони русӣ дар Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Тавре маълум аст, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст. Ду сол қабл дар доираи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифта шуда буд, ки соли 2023 Соли забони русӣ эълон гардад. Дар ин замина мо ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар давлатҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд».

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо  Назаршоев

Октябрь 23, 2023 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт