Дар Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 20 октябр дар чаҳорчӯби иҷрои тавсияҳои «Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ бо иштироки 30 давлати Осиё баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Конфронс аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Кобинаи вазирони Ҷопон ва Маркази Осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ (ADRC) созмон дода шуд.
Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ аз 30 давлати Осиë, намояндагони дипломатӣ ва агентиҳои Cозмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.
Матлубахон Сатториён нахуст аз номи Ҳукумати мамлакат ҳозиринро хайрамқадам гуфта, иброз дошт, ки иштироки шумораи зиёди намояндагон ва коршиносони давлатҳои иштирокчӣ аз ҳамкории минбаъда ва ҳалли нақшаҳои дар пешистода баҳри коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ бо мамлакати мо шаҳодат медиҳад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, тағйирёбии иқлим, обхезӣ, хушксолӣ ва норасоии обу гуруснагӣ ба инсоният дар тамоми ҷаҳон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона барои мубориза бо тағйирёбии иқлим тадбирҳои зарурӣ меандешад.


Дар ин робита Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҳамчун узви байналмилалии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамеша ба уҳдадориҳои худ оид ба масъалаи тағйирёбии иқлим дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Аз замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати муҳими давлатиро оид ба ҳифзи аҳолӣ ва марзу буми мамлакат аз тағйирёбии иқлим ва офатҳои экологӣ бо ташкил намудани силсилачорабиниҳои ҳуқуқӣ ва ҳимоявӣ пеш мебарад.
Ҳукумати мамлакат барои мустаҳкам намудани базаи моддӣ -техникии ҳолатҳои фавқулода тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муносибатҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки дар «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» ва «Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030» баён шудаанд, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таҳия намудааст. Ҳадафи Стратегия- паст намудани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хатари нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад.
Иштирокдорони конфронс масъалаҳои марбут ба татбиқи Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай дар давлатҳои аъзои Маркази осиёии коҳиши офатҳои табииро баррасӣ намуданд. Дар конфронс ба мушкилоти муштараки давлатҳое, ки роҳи баромад ба обҳои озод надоранд, аз тариқи ҷаласаҳои техникӣ дар мавриди рафъи ин мушкилот табодули афкор доир шуд.

Доир ба мавзуъҳои зерин- ҳалли инноватсионӣ барои ҷомеаҳои устувор: технологияҳои коҳиши хатари офатҳо барои заминларза ва зуҳуроти хатарноки геологӣ; мутобиқшавӣ ба буҳрони иқлим ва равишҳои инноватсионии мониторинг, вокуниш ба обхезии кӯлҳое, ки бар асари об шудани пиряхҳо (GLOFs) шиддати обхезӣ зиёд шудааст, ду ҷаласа доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи генералии СММ 13 октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон намудааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имкон аст, ки пешрафтҳои ба дастомада дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар конфронси сеюми ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои СММ дар Ҷопон моҳи марти соли 2015 қабул шудаанд, эътироф шаванд.
Соли 2016 Дабири кулли СММ «Маъракаи Сендай ҳафт»-ро барои ҳар хонавода дар муддати ҳафт сол амалӣ намуд. Ҳадафи он афзоиши чашмгири ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои дар ҳоли рушд бо ироаи ҳимояти кофӣ ва пойдор аз онҳо барои ҳимоят аз иқдоми миллии онҳо барои иҷрои ин барнома барои то соли 2030 мебошад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






