Дар Душанбе озмун бахшида ба Рӯзи байналмилалии кам намудани хавфи офатҳои табиӣ ҷамъбаст гардид

Октябрь 21, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 21.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар шаҳри  Душанбе дар доираи Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ озмуни муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба озмун 21 мавод аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. Дар се номинатсия, аз ҷумла матбуоти даврӣ, радио ва телевизион ва сомонаҳои иттилоотӣ се нафарӣ ғолибон муайян шуданд.

Дар бахши матбуоти даврӣ мухбири минтақавии ҳафтаномаи «Хатлон» Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ (ҷойи якум), мухбири нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» (ҷойи дуюм) ва мухбири нашрияи «Пайк” дар вилояти Суғд Фарзона Муродӣ (ҷойи сеюм) ғолиб дониста шуданд.

Директори Ширкати телевизион ва радиои «Мир» Вера Исмоилова (ҷойи якум), муҳаррири радиои «Садои Душанбе» Нигина Давронзод (ҷойи дуюм) ва муҳаррири Ширкати телевизион ва радиои «Симои мустақил – 1»-и шаҳри Хуҷанд Фарзона Шамсиева (ҷойи сеюм) дар бахши телевизион ва радио ғолиб гардиданд.

Ҳамчунин дар бахши сомонаҳои иттилоотӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ (ҷойи якум), корманди «Mir24.tv» Абубакри Файзалӣ (ҷойи дуюм) ва корманди «Your.tj» Амонҷон Муҳиддинов (ҷойи сеюм) ғолиб шуданд.

Ёдовар мешавем,ки озмуни мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии кам намудани хавфи офатҳои табиӣ доир гардид.

АКС: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Октябрь 21, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд