Дар Душанбе Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкории техникӣ ба имзо расид

Октябрь 11, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкории техникӣ дар доираи  Барномаи минтақавии «Идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ» ба имзо расид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санади мазкурро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Шерализода  ва  сардори нави шуъбаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) оид ба Балкани Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Даниел П. имзо намуданд.

Ҳадафи барнома беҳтар намудани иқлими фаромарзӣ ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳамчунин мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо сардори нави шуъбаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) оид ба Балкани Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Даниел П доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва GIZ дар самти ҳифзи муҳити зист табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноматмандӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд