Дар фермаи инноватсионии «Ҷаҳида»-и ноҳияи Зафаробод маҳсулоти тозаи табиӣ истеҳсол мешавад
СУҒД, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо фаъолияти ҶДММ «Ҷаҳида» шинос гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти фермаи инноватсионӣ- ин парвариши чорвои хурди шохдор ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, аз қабили панир, шир ва ҷурғот ба ҳисоб меравад. Дар айни замон дар ин ферма 147 сар буз парвариш мешавад, ки 90 сари он ширдеҳ мебошад. Дар як шабонарӯз то 70-80 литр шир гирифта шуда, давоми як моҳ то 150-200 кг панир ва 800 литр ширу ҷурғот истеҳсол мешавад. Барои ин тамоми имконот ва дастгоҳи мавҷуда муҳайё гардидааст. Ферма бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз буда, масъулин азм доранд дар оянда саршумори чорворо зиёд гардонанд.
Маҳсулоти истеҳсолгардида дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Он аз лиҳози табиӣ тоза буда, ба саломатии инсон манфиати бештар дорад. Дар умум, дар хоҷагиҳои минтақа бо дастгирии ин фермаи инноватсионӣ саршумори чорвои хурди шохдор, яъне бузҳои зотӣ то ба 300 сар расонида шудааст.
Баробари бузҳои зоти ширдеҳ дар ин ферма чорвои калони хушзот, паранда ва занбӯри асал парвариш карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






