Дар Хатлон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 25 миллиарду 48 миллион сомонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба 25 миллиарду 48 миллион сомонӣ расонида шуд. Афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 19 миллиону 601 ҳазор сомонӣ (105%)-ро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тақвияти истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, технологияҳои муосири кишту парвариши зироат, истифодаи тухмиҳои хушсифату баландҳосили репродуксионӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ватанӣ ва дар маҷмуъ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшида, афзоиш ва суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ таъмин мегардад.
Фаъолияти масъулини соҳа ва кишоварзони Хатлон, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани боздеҳи замин, яъне гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин, афзоиш додани ҳосилнокии зироат ва рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






