Дар Хуҷанд Маркази тиббии байналмилалии «Мармед» ба истифода дода мешавад
СУҒД, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии байналмилалии «Мармед» ба истифода дода мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Маркази тиббии байналмилалии «Мармед» аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 36 кат аст. Бино бо тарзу усули хоси меъморӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд ёфта, дорои утоқҳои алоҳидаи ташхису табобат, машваратӣ, маъмурӣ, бақайдгирӣ ва ду ҳуҷраи алоҳидаи ҷарроҳӣ мебошад. То имрӯз қисмати асосии корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, воридсозии дастгоҳҳо аз тарафи муассисон ба роҳ монда шудааст.
Таҷҳизоти муосир асосан аз Кореяи Ҷанубӣ, Аврупо, Туркия ва Чин ворид гардида, аз тарафи мутахассисони соҳа васлу насб мешаванд. Дар ин марказ хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхису табобат бо навтарин дастгоҳҳо, намудҳои зиёди ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рӯй, чашм, узвҳои дарунӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад мутахассисони варзидаи ватанӣ ва инчунин пизишкони номӣ аз Русия, Узбекистон, Туркия ва Беларус ҷалб хоҳанд шуд.
Масъулин азм доранд, ки марказро соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Баробари ба истифода додани иншооти наву муосир то 30 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани санаҳои фархундаву миллӣ бунёди иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






