Дар Лахш иди Меҳргон бо баргузории намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи фарҳангӣ таҷлил гардид
ЛАХШ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Лахш бо баргузории намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи консертии санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия иди Меҳргон бо шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд.
Зимни баргузории ин ҷашни миллӣ Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода мардуми ноҳияро бо Меҳргони тоҷикон табрик намуда, иброз дошт, ки “бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросими мухталифи мардумӣ низ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд гузаронидани онҳо шароит фароҳам омадааст. Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса зоҳир менамоянд. Дар ҳамин асос ҷашни Меҳргон аз нав эҳё шуда, баргузории он ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона ва шодию хурсандӣ намуда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода менамуданд, то соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти кишоварзӣ фаровон гардад”.
Дар ҳамоиши тантанавӣ масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш доир ба ҷамъоварии ҳосили имсола изҳор намуданд, ки баҳри амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат бо заҳмати дучанди кишоварзон соли равон майдони кишти аксари зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ба маротиб афзун шуда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ гардид.
Дар анҷоми ҷамъомад як зумра кормандони соҳаи кишоварзӣ, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, механизаторон ва дигар шахсоне, ки дар истеҳсол ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда доштанд, аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш










Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






