Дар Москва бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ барномаи консертӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар шаҳри Москва дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ консерти тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар барнома намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Русия, аҳли илму фарҳанг, донишҷӯён, инчунин ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.
Барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиб, ки аз ҷониби ҳайати эҷодӣ омода гардида буд, ҳозиринро бо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири халқи тоҷик ошно сохт. Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои духтарони тоҷик аҳли нишастро дар фазои зебо ва пурнишоти Тоҷикистон қарор дод.
Дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин баргузории барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Уфа дар назар аст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия










Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






