Дар Москва доир ба нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасони тоҷик дар замони муосир ҳамоиш доир шуд

Октябрь 23, 2023 16:41

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарбия намудани насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллию давлатдорӣ, муттаҳидсозии неруи занону духтарон дар тарбияи насли ҷавони мамлакат, гиромидошти арзишҳои ахлоқӣ байни занони тоҷик дар хориҷи ҷумҳурӣ дар мавзуи “Нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон дар замони муосир” ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятӣ.

Дар ҳамоиш масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, аъзои котиботи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони гурӯҳҳои кории назди Шурои ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Москва, олимону муҳаққиқон, ҷамъиятшиносон, занони фаъоли муқими шаҳри Москва ва вилояти он, роҳбарони гурӯҳҳои занони фаъол дар давлати иқомат иштирок ва вобаста ба масъалаи мазкур андешаронӣ намуданд.

Барои иштирокчиёни ҳамоиш  вобаста ба мавзуҳои  “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа”, “Саҳми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар замони муосир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли масъала”,  “Роҳҳои муттаҳидсозии неруи занон барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеаи дунявӣ”, “Нақши занон дар рушд ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ” ва  “Саҳми занон дар пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву террористӣ” маъруза карда шуда,  роҳҳои пешгирӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар байни наврасону ҷавонон, истифодаи усулҳои муосир дар тарбияи насли наврас, корбурди усулҳои гуногун баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории насли ҷавони тоҷик дар хориҷи мамлакат баррасӣ гардид.


Аз ҷумла, вобаста ба пешгирии ҷавонону нарасон аз хатару таҳдидҳои муосир, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоиву ифротӣ, террористиву экстремистӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиандоз, гаравиши насли ҷавон дар хориҷи мамлакат ба хурофотпарасӣ ва бегонапарасӣ далелҳои равшан оварда шуда, роҳҳои пешгирӣ ва тарбияи дурусти насли ҷавонро дар ин самт арзёбӣ намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастаи занону духтарон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷамъият, ташкили квотаи президентӣ барои таҳсили духтарони кӯҳистон ва ноҳияҳои дурдаст, стипендияи президентӣ барои ҳавасманднамоии насли ҷавон ҷиҳати омӯзиши илму маърифат изҳори миннатдорӣ намуданд.

 АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Октябрь 23, 2023 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд