Дар Москва оид ба нақши занон дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон ҳамоиш доир мегардад
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия имрӯз дар шаҳри Москва дар мавзуи «Нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон дар замони муосир» ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш занони фаъоли тоҷики муқими шаҳри Москва ва вилояти он иштирок намуда, вобаста ба тарбияи худшиносии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллии насли ҷавон дар хориҷи мамлакат, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва даҳшатафкан, дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити созгор барои таҳсил ва фаъолияти занон назару андешаи худро баён медоранд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш вобаста ба мушкилоти замони имрӯза ва роҳу воситаҳои муосир дар самти тарбияи ватандӯстии насли ҷавон табодули афкор доир мегардад.
Дар ҳамоиш ҳамзамон намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Москва, коршиносон ва олимону муҳаққиқон иштирок намуда, вобаста ба ин масъалаҳо сухан мегӯянд.
АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






