Дар ноҳияи Балҷувон аввалин бинои панҷошёнаи истиқоматӣ сохта шуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 257 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, сохтмони 20 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ ва 205 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон иттилоъ медиҳад.
Аз 257 иншооти ба нақша гирифташуда, 51 иншоот ба истифода дода шуда, дар 53-тои дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Корҳои лоиҳакашии иншооти боқимонда низ дар ҳолати коркард қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон аввалин бор бинои истиқоматии панҷошёна барои сокинон сохта шуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Пудратчии сохтмон ҶДММ «Ганҷи дарё» буда, бино аз 5 ошёна, 42 ҳуҷра, 2 даромадгоҳ иборат буда, хати обу корез мувофиқи қоида насб гардидаанд. Хонаҳои истиқоматӣ аз 1, 2 ва 3 ҳуҷра иборат мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон 386 иншоот ба истифода дода шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои хуштарҳи замонавӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маишию хизматрасонӣ сатҳи рӯзгори сокинони ноҳия беҳтар гардида, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи устувор гузошт.
Хотиррасон менамоем, ки яке аз дастовардҳои беназири сокинони ноҳияи Балҷувон дар солҳои соҳибистиқлолӣ — ин таъсисёбии ноҳия мебошад, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст.
Дар ин давра дар ноҳия соҳаи маориф ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, бо истифода аз ҳамаи имконият 37 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 асосӣ ва 11 ибтидоӣ, бо 2574 ҷои нишаст ва дар соҳаи тандурустӣ 26 иншоот, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи қитъавӣ, 15 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази саломатӣ ва Маркази байналмилалии «Тавонбахшӣ» сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ҳамчунин дар соҳаи фарҳанг 12 иншоот, аз ҷумла Қасри фарҳанг бо 360 ҷои нишаст, гулгашти «Балҷувон» ва Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия бунёд гардиданд, ки имрўз дар хизмати мардум қарор доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






