Дар ноҳияи Зафаробод 11 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
СУҒД, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Зафаробод дар 11 ҳазору 172 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо ҷараёни ҷамъоварии пахта шинос гардида, бо кишоварзон суҳбат намуд. Дар хоҷагиҳои пахтакори «Муҳаммадҷон 2016» ва «Муқим» бо чинакчиёну саҳмдорон ва ҳашарчиён аз шаҳри Истаравшан суҳбат намуда, барои пурраву беталаф ғунучин намудани пахта дастуру тавсияҳо дод.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамарӯза то 400 нафар сокинони касбу кори гуногун аз Истаравшан ва 100 нафар аз шаҳри Хуҷанд ба кумаки пахтакорони Зафаробод омада, саҳми худро дар ҷамъоварии «тиллои сафед» мегузоранд.
Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус пахтакорӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани пахта сабаби рушди соҳа, таъмини коргоҳҳои нассоҷӣ бо маҳсулоти хом ва ба кори доимӣ ҷалб намудани сокинон мегардад.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳия Раиси вилоят бо деҳқонон ва ҳашарчиён аз ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон мулоқоти гарму самимӣ анҷом дода, саҳми онҳоро дар ҷамъоварии ҳосили пухтарасида назаррас ҳисобид.
Таъкид гардид, ки соли равон заркорони ноҳия бояд зиёда аз 33 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд. Барои ин дар ноҳия имконият ва захира мавҷуд буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани корҳо ва расонидани кумак аз тарафи ҳашарчиён аз дигар шаҳру навоҳӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда метавонанд.
Заркорони ноҳия азм доранд, ки беш аз 33 ҳазор тонна пахта ҷамъ оваранд. То имрӯз зиёда аз 11 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардидааст.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосид барои ҳашарчиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад






