Дар нуҳ моҳ дар Тоҷикистон зиёда аз 7 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф шуд

Октябрь 13, 2023 09:38

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон нозирони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал 10 ҳазору 679 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуд. Барои бартараф намудани онҳо 9 ҳазору 494 дастур дода шуд ва нисбат ба 9 ҳазору 265 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 724 мавод ба прокуратура, 483 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ва 7 ҳазору 519 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 11 октябр зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Дар ин давра аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Варзоб, Кӯшониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуда, барои бекор намудани онҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани қарорҳои қабулгардидаи раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур пешниҳодҳои дахлдор ирсол гардиданд. Илова бар ин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 46 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар нуҳ моҳи соли 2023 аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 27 ҳазору 373 ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳоло бунёди бинои маъмурӣ дар ноҳияи Айнӣ пурра ба анҷом расида, барои истифода омода мебошад. Корҳои сохтмонии бинои маъмурӣ дар ноҳияи Варзоб низ идома дошта, сохтмони бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ховалинг оғоз шудааст.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2023 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд