Дар Прокуратураи генералӣ натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд

Октябрь 18, 2023 16:35

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони масъули дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Прокуратураи генералӣ.

Тавре  дар хабари расмӣ омадааст, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ 5 ҳазору 669 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 39 ҳазору 387 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуд. Дар ин давра 52 ҳазору 781 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд, 3 ҳазору 361 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи 863,4 млн сомонӣ барқарор шудааст, ки аз ин миқдор 341,4 млн сомонӣ ба манфиати давлат мебошад. Ҳамчунин бо дахолати прокуророн 14 026 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Дар 9 моҳи соли равон ба мақомот 30 ҳазору 476 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, 8 ҳазору 823 адади онҳо аз ҷониби прокуророн бевосита баррасӣ шуда, 2 ҳазору 295 муроҷиат қонеъ гардонида шудааст. Дар натиҷа, дар ин давра ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 239 ҳазору 963 нафар шаҳрвандон барқарор шудааст.

Дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 16 572 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 752 ҷиноят ё 4,3% кам мебошад.

Дар ин давра прокуророн назоратро ба 9 ҳазору 770 парвандаи ҷиноятӣ таъмин намуда, аз ин шумора 8 ҳазору 974 парвандаро ба суд ирсол намуданд. Аз ҷумла, муфаттишони прокуратура тафтиши 3 ҳазору 312 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, дар рафти тафтиши пешакӣ 124,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 51,8 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст.

Прокурорҳо дар баррасии 7 ҳазору 333 парвандаи ҷиноятӣ, 7 ҳазору 828 парвандаи гражданиву оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои ғайриқонунии судҳо бо ин парвандаҳо 514 эътироз овардаанд.

 АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2023 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад