Дар роҳҳои автомобилгарди дорои шароити мураккаби кӯҳии Тоҷикистон панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгарди дорои шароити мураккаби кӯҳии Тоҷикистон панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд. Дар робита ба ин дар Душанбе дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» Қарордоди Чумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба хизматрасонии машваратӣ барои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии панҷараҳои (барйерҳои) муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.
Санади мазкурро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдор/менеҷер оид ба амалиёт ва технологияҳои иттилоотии ширкати машваратии Кувайт «NARCO – Nabeel Abdul-Raheem Consultants» Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш имзо намуданд.
Вазифаи ширкати машваратӣ- таҳқиқи қитъаҳои хатарноки роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад, ки дар онҳо тибқи талаботи меъёр бехатарии ҳаракатро дар роҳ баланд бардоштан зарур аст. Тавассути таҳияи лоиҳаи асоснок, хулосаҳои муфассали муҳандисӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ сифати баланди корҳои сохтмонии панҷараҳои муҳофизатӣ (VRS – системае, ки мошинро дар хати ҳаракат нигоҳ медорад) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо таъмин мешавад.
Ширкат инчунин хизматрасонии машваратиро оид ба назорати сохтмон ва такмили сохти панҷараҳои муҳофизатӣ иҷро менамояд. Дар доираи лоиҳа омӯзиши роҳҳои автомобилгарди масири «Душанбе — Ваҳдат — Кӯлоб -Хоруғ — гузаргоҳи Қулма (қитъаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат -Данғара, Ш.Шоҳин — Шкев)» ва масири «Ваҳдат – Рашт — Лахш — сарҳади Қирғизистон (қитъаҳои афзалиятноки Ваҳдат-Обигарм, Нуробод-сарҳади Қирғизистон)» ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






