Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид, ки дар он доираи васеи дӯстдорони ин санъати миллӣ ҷамъ омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Иброз гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самтҳо санъати мусиқии меросии тоҷик низ рушду такомул меёбад. Фалак – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик буда, дар он асосан дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум мебошад ва бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст.
Ҳамзамон бо изҳори хушнудӣ баён шуд, ки мусиқии мардумии тоҷик – «Фалак» соли 2021 ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Он минбаъд ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ҳифз хоҳад шуд.
Дар ҳамоиши идона дар фазои тантанавӣ ба ансамли «Фалак»-и шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Сипосномаи Раиси шаҳри Турсунзода тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки дастаи «Фалак»-и шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода зодаи даврони соҳибистиқлолии Ватан буда, ҳамчун вориси ин санъати воло ҷиҳати ҳифз ва рушди он рисолат дорад. Аҳли ҳунар ҷиҳати омӯзиши ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






