Дар Суғд ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилояти Суғд, шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич ва Ҷаббор Расулов гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар кори ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, роҳбарияти вилояти Суғд иштирок ва сухан менамоянд.
Иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон доир ба нақши асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров дар ташаккули худшиносии миллӣ» табодули назар менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






