Дар Суғд давоми нуҳ моҳи соли равон 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд давоми давраи ҳисоботӣ- январ-сентябри соли равон 982 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рушди соҳаи истихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии мамлакат метавонад дар пешбурди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад».
Бояд гуфт, ки дар бахши энергетикаи мамлакат таъсири ангишт бағоят калон буда, имрӯзҳо рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи он тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Истеҳсоли ангишт барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус дар давраи тирамоҳу зимистон ва фаъолияти самараноки иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муҳим аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






