Дар Суғд ғолибони озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» қадршиносӣ шуданд

Октябрь 23, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм –фурӯғи маърифат» ва​ ​ ««Тоҷикон»— оинаи таърихи миллат» қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тазаккур дода шуд, ки озмунҳо таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати аҳли ҷомеа нақши шоиста мегузоранд.

Гуфта  шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаву ҳадафҳои бузурги давлату Ҳукумат дар самти рушди илм ва ҷалби бештари ҷавонону донишҷӯён ба илмомӯзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Тавре таъкид гардид, даври​ аввали озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» бо иштироки ​ 42 ҳазору 718 нафар ​ довталаб дар муассисаҳои таълимӣ ва шаҳраку деҳоти вилоят дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Дар даври дуюми озмун 8 ҳазору 729 нафар иштирок намуда, ба даври вилоятӣ 1 ҳазору 222 нафар роҳхат гирифтанд. Аз онҳо 955 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ, 186 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторанти муассисаҳои ​ таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 30 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабӣ ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.​

Аз рӯи натиҷаи комиссияи озмун 120 нафар ғолиби даври вилоятӣ дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар озмуни ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» 35 ҳазору 158 нафар, аз ҷумла 28 ҳазору 512 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 681 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 2647 нафар донишҷўён, 120 нафар магистрҳо, 2983 нафар омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нафар ходимони илмию адабӣ, 151 нафар аспирантон, унвонҷўён, номзадони илм, 13 нафар докторантон, 320 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври дуюми озмун 5507 нафар роҳхат гирифт.​

Дар даври дуюми озмун, ки давоми моҳи июн гузаронида шуд, 3923 нафар, аз ҷумла 3211 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 76 хонандаи муассисаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 109 нафар донишҷў, 1 магистр, 395 омўзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ходими илмию адабӣ, 1 докторант ва 121 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври сеюми озмун 290 нафар роҳхат гирифт.

Комиссияи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ​ дар вилоят дар байни иштирокчиён 24 нафар ғолиби озмунро муайян намуд. Мояи ифтихор аст, ки дар озмун на танҳо насли калонсол, балки нафақахӯрон низ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Раиси вилоят ба​ ғолибони даври вилоятии озмунҳо диплому мукофоти пулӣ супорида, ба онҳо барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун барору комёбиҳо орзу намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 23, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд